Дуюмин маҳмулаи 32 миллиондолларии пул ба Афғонистон расид
Бонки марказии Афғонистон эълом кард, дар идомаи ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон, дуюмин маҳмулаи 32 миллиондолларии пули нақд ба Кобул расид.
Бонки марказии Афғонистон дар идома таъкид мекунад, ки ин ниҳод аз ҳар иқдоми башардӯстона, ки мунҷар ба вуруди арз ба Афғонистон шавад, ба ақшори камбизоат ва ниёзманд кумак расад, истиқбол мекунад.
Пас аз хуруҷи Амрико аз Афғонистон, Вашингтон ба баҳонаи ба қудрат расидани Толибон ҳудуди 9. 5 миллиард доллар аз дороиҳои мардуми Афғонистонро ҳабс кардааст.
Аз сӯи дигар низ, эъмоли таҳримҳои Амрико алайҳи Афғонистон сабаб шуда, ки касбу корҳо ва муассисоти умумии ин кишвар дастрасӣ ба захоири молӣ, муштариёни хориҷӣ ва эҳдокунандагони байналмилалиро аз даст бидиҳанд ва системаи молии Афғонистон фалаҷ шавад.