Ироқчӣ: Эрону Тоҷикистон ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии якдигаранд
-
Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон
Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон аз ёриҳои инсондӯстонаи Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон қадрдонӣ кард.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Ироқчӣ рӯзи 20-уми март изҳор дошт, ки Эрону Тоҷикистон ду кишвари форсизабон ва меросдорони тамаддуни куҳани порсӣ ҳастанд, ки ҳамвора дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.
Вазири корҳои хориҷии Эрон дар паёме навишт: Аз давлат ва мардуми Тоҷикистон, ба хусус аз раисҷумҳури муҳтарами ин кишвар, ба хотири кумакҳои саховатмандонаи онҳо самимона ташаккур мекунам.
Дар пайи ҳамлаи таҷовузкоронаи Амриков ва режими Исроил ба Эрон, Тоҷикистон рӯзи 18-уми март ба мардуми Эрон кумакҳои башардӯстона фиристод.
Ба иттилои расмӣ, ин кумаки инсондӯстона, иборат аз 110 комюни борӣ, дорои 3 ҳазору 610 тон ақломи зарурӣ, аз ҷумла 45 тон доруворӣ, маводи беҳдоштӣ, либоси кӯдак, анвои гуногуни маводи ғизоӣ, лавозими маишатӣ ва рӯзгор, рахти хоб, чодур ва хаймаҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва аз дигар лавозимот иборат аст.