Январ 27, 2022 14:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳадаф аз таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай, муқобила бо терроризму ифротгароӣ ва ҳамкории иқтисодӣ аст
    Ҳадаф аз таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай, муқобила бо терроризму ифротгароӣ ва ҳамкории иқтисодӣ аст

Таҳдидҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ аз оғози қарни 21 раванди ҷиддитаре ба худ гирифтааст.

Муруре бар воқеиятҳои қарни ҷадиди милодӣ инро исбот мекунад, ки ҳеҷ як аз кишварҳои ҷаҳон ба танҳоӣ тавони муқобила бо таҳдидҳои низомӣ, сиёсӣ, амниятӣ ва ҳамчунин ҳамлаҳои минтақаиро надоранд. Ба ҳамин далел, кишварҳое, ки дар маҳдудаҳои ҷуғрофиёи сиёсӣ ва ҷуғрофиёи иқтисодии ҳамгун воқеъ шудаанд, бо таъсиси ташкилоти минтақаӣ, ба муқобила бо таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ иқдом мекунанд. Яке аз ин ташкилоти арзишманд, Созмони Ҳамкории Шанхай аст, ки дар қораи паҳновари Осиё воқеъ шудааст.

Созмони Ҳамкории Шанхай (Shanghai Cooperation Organization - SCO), бо ҳадафи муқобила бо таҳдидҳои амниятии ҷадид дар соли 1996 дар шаҳри Шанхайи Чин таъсис шуд. Ин созмон ибтидо кори худро бо панҷ узв оғоз кард ва бо мурури замон, бо пазириши аъзои ҷадид, талош кардааст чархаи сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва амниятӣ худро такмил намояд. Ин созмони ҳамкорӣ, панҷ сол пас аз нахустин замони таъсис, яъне дар соли 2001 бо аҳдофи хоссу вижае таъсиси расмии худро эълом кард.

Дар ҳоли ҳозир, Созмони Ҳамкории Шанхай ба унвони як созмони байналмилалии байнидавлатӣ матраҳ аст. Аъзои ин созмон шомили Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Покистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастанд.

 


Ҳадаф аз таъсиси Созмони ҳамкориҳои Шанхай мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ва ҳамкории иқтисодӣ эълом шудааст.

Дар беш аз ду даҳаи ахир, амалкарди ин созмони муҳим бинобар заруратҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ аз танаввуъи бештаре бархӯрдор шудааст.

Сарфи назар аз ин воқеият, ки Созмони Ҳамкории Шанхай аз замони таъсис аз аҳаммияти зиёде бархурдор будааст, коршиносон муътақиданд, ки бо пайвастани Эрон ба ин созмон бар аҳамияти он афзуда шудааст. Дар ҳақиқат, Созмони Ҳамкории Шанхай бо пазириши Эрон, аз қудрати низомӣ ва дифоъи ғайри қобили рақобат бархӯрдор шуда ва аз лиҳози ҷуғрофиёӣ дар мавқеъияти вижае қарор гирифтааст.

Дар бораи аҳамияти Созмони Ҳамкории Шанхай зикри ин нукта зарурӣ аст, ки як даҳа пас аз таъсис, Амрико низ хостори узвият дар он шуд. Аммо аъзои ин созмон дар соли 2015, бо дархости Амрико мухолифат карданд.

Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти нишастҳои Созмони Ҳамкории Шанхай, бояд гуфт, нишасти давраии Шӯрои миллии ҳамоҳангсозии созмон таҳти раёсати Узбекистон, оғоз ба кор кардааст.

Дар маросими ифтитоҳияи ин нишаст, ки рӯзи чаҳоршанбе 26 январ ба сӯрати нима ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор шуд, Ғайрат Фозилов, муовини вазири умури хориҷаи Узбекистон, Ҷонг Мин, дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай, Руслан Мирзоев, раиси Кумитаи иҷроии сохтори минтақави зиддитероризми ин созмон ба сурати ҳузурӣ дар нишаст ширкат карданд. Дар чорчуби ин нишаст, намояндагони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар мавриди тадбироти лозим ба манзури нишастҳои қарибалвуқуъ, аз ҷумла нишасти Шӯрои руасои ҷумҳурии кишварҳои узв ва дигар органҳои ин созмон табодули назар карданд.

Нишасти давраии Шӯрои ҳамоҳангкунандагони миллии Созмони Ҳамкории Шанхай то рӯзи ҷумъа (28 январ) идома хоҳад дошт.

Дар ҳамин иртибот, Владимир Норов, дабири кулли собиқи ин созмон ва коршиносу соҳибназари созмонҳои минтақаӣ, вуҷуди тавоноии болои Созмони Ҳамкории Шанхай барои ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталифу мутанаввиъ бавижа дар заминаҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ, фарҳангӣ ва умури башардӯстонаро ҳоизи аҳаммият донист ва эълом кард: "Нақшаи роҳи тавсеаи ҳамкориҳои дабирхонаи Созмони Ҳамкории Шанхай бо аъзои ҷадид, ки соли гузаштаи милодӣ дар ҷараёни нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи Созмони Ҳамкории Шанхай имзо шуд, бистари муносибе барои аъзои ин созмон ба унвони узве аз хонаводаи Созмони Ҳамкории Шанхай дар ростои тақвияти ҳамкориҳои аъзо бо якдигар фароҳам кардааст".


Дар як ҷамъ бандии куллӣ аз баргузории нишастҳои Созмони Ҳамкории Шанхай, аз ҷумла нишасти ҷорӣ дар Узбекистон, бояд гуфт, назар ба инки Созмони Ҳамкории Шанхай ба унвони намоде аз занҷираи ҳамгароии минтақаӣ дар қораи паҳновари Осиё қаламдод мешавад, ҳар як аз аъзо бояд қадри мавқеъияти эҷод шуда дар чорчуби ин созмонро бидонанду фаъолиятҳои минтақави худро дар чорчуби ин созмон мутамаркиз намоянд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп