Таъкиди мақоми қазоқ ба мамнӯияти ваҳҳобияту салафия дар Қазоқистон
Вазири умури динӣ ва ҷомеаи мадании Қазоқистон ба чораандешӣ ва истифода аз абзорҳои қонунӣ барои мамнӯияти фаъолияти гурӯҳҳои ваҳҳобию салафӣ дар ин кишвар таъкид кард.
Ба гузориши сойти “Интерфакс”, Нарлан Эрмекбоев дар ҳамоиши исломшиносон дар Остона гуфтааст, агар кори таблиғотӣ алайҳи афкори ваҳҳобияту салафия дар ин кишвар муассир воқеъ нашавад, барои мамнӯияти қонунии ин фирқа иқдом хоҳад кард.
Эрмекбоев таъкид кард, ки агарчи набудани мамнӯияти расмӣ барои фаъолияти бархе фирқаҳои мазҳабии ифротӣ ба маънии созиши ҳукумати ин кишвар бо ин гурӯҳҳо ва ё бетадбирии мақомоти ҳукуматӣ нест, аммо вазифаи ҳукумат, Идораи муфтиёт ва ҷомеаи мадании Қазоқистон ин аст, ки ба таври густарда дар миёни мардуми ин кишвар хатарҳои фирқаи ваҳҳобият ва салафияро гӯшзад кунанд. Вазири умури динӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон афзуд: “Агар мо ба натиҷа расидем, ки таблиғот дар мавриди ифшосозии ҳадафҳои гурӯҳҳои мазҳабии ифротӣ корсоз нест, барои мамнӯияти қонунии ин гурӯҳҳо иқдом хоҳем кард”.
Мавзеи ҷадиди вазири умури мазҳабӣ ва ҷомеаи мадании Қазоқистон дар қиболи ваҳҳобияту салафия дар ҳоле иброз мешавад, ки теъдоде аз коршиносону рӯҳонёни ин кишвар аз озодии фаъолияти ин гурӯҳ дар Қазоқистон аз ҳукумат интиқод кардаанд.