Назорати намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ бар интихоботи раёсатҷумҳурии Туркманистон
(last modified Mon, 21 Feb 2022 06:56:12 GMT )
Феврал 21, 2022 11:56 Asia/Dushanbe
  • Назорати намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ бар интихоботи раёсатҷумҳурии Туркманистон

Намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ бар интихоботи раёсатиҷумҳурии Туркманистон назорат мекунанд.

Леонид Анфимов, дабири иҷроии кишварҳои ИДМ низ пеш аз ин аз ҳузури нозирони узви ин созмон дар Туркманистон ҷиҳати назорат бар интихоботи раёсатиҷумҳурии ин кишвар хабар дода буд.

Вай гуфт: Мо дар ҳоли барномарезӣ ҳастем. Қаблан дар мавриди ин мавзуот суҳбат кардаем. Дар ҷаласаи ахири Комиссиюни марказии интихоботи Туркманистон гуфта шуд, ки нозирон ҳам аз коршиносони дохилӣ ва байналмилалӣ дар интихобот ширкат хоҳанд кард.

Ҳамчунин намояндагони Созмони ҳамкорӣ ва амниятии Аврупо ва Созмони кишварҳои туркзабон низ дар ин интихобот ҳузур хоҳанд дошт.

Ин мавзӯъ дар дидори Рашид Муродов, вазири хориҷаи Туркманистон бо Рон Кастберг, кордори маркази Созмони Амният ва  Ҳамкории Аврупо дар Ашқобод матраҳ шуд.

Ҳамчунин Бағдод Амиров, дабири кули Созмони кишварҳои турк дар гуфтугӯи бархат бо вазири хориҷаи Туркманистон ба мавзӯи таомул дар эъзоми ҳайати нозири Созмони кишварҳои туркзабон барои назорат бар баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Туркманистон, ки дар 12 марти соли ҷорӣ баргузор мешавад, ишора кард.

Интихоботи зӯдҳангоми раёсатиҷумҳурии Туркманистон 12 март баргузор мешавад.