Бозгушоии масоҷид дар Туркманистон
Масоҷиди Туркманистон ду бора ба рӯи намозгузорон боз мешавад.
Ба гузориши хабаргузории Форс, муфтии Туркманистон бо таъкиди инки аз имрӯз сешанбе (29 март) тамомии масоҷиди ин кишвар боз мешаванд, гуфт: Ба муносибати фарорасидани моҳи мубораки Рамазон, ки аз дувуми апрел оғоз мешавад, тамомии масоҷиди Туркманистон бо риояти дақиқи мавозини беҳдоштӣ, тибқи риволи оддӣ фаъолият хоҳанд кард.
Муфтии Туркманистон ҳамчунин тақвими «саҳарӣ» ва «ифторӣ» (авқоти шаръии субҳу аср)-ро дар моҳи мубораки Рамазони 2022 барои ҳар 5 устону шаҳри Ашқобод, пойтахти ин кишвар тасвиб кард.
Пешатар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳурии Туркманистон аз адами вуҷӯди бемории Ковид - 19 дар ин кишвар хабар дода ва гуфта буд, иқдомоти пешгирона ва ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии беҳдошти мӯҷиб шуда, ки ҳеҷ мавриде аз ибтило ба вируси корона дар Туркманистон шиносоӣ нашавад.
Мақомоти Туркманистон дар ҳоле аз адами вуҷӯди вируси корона дар ин кишвар хабар додаанд, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт нисбат ба ин мавзӯи иброз тардид кардааст.
Бештар бихонед:
- Омори талафоти Ковид - 19 дар Арманистон сифр шуд
- Ирсоли таҷҳизоти пизишкӣ ва беҳдоштии муқобила бо карона ба Туркманистон