Радди иддаои интиқоли қудрат ба хонаводаи Нурсултон Назарбоев
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i8398-Радди_иддаои_интиқоли_қудрат_ба_хонаводаи_Нурсултон_Назарбоев
Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон иддаоҳои матраҳшуда дар бораи интиқоли қудрат ба хонаводаи худро рад кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 24, 2016 13:48 Asia/Dushanbe
  • Радди иддаои интиқоли қудрат ба хонаводаи Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон иддаоҳои матраҳшуда дар бораи интиқоли қудрат ба хонаводаи худро рад кард.

Ба гузориши сойти “Факт-хабар”, Нурсултон Назарбоев, рӯзи панҷшанбе гуфтааст, касеро ба унвони вориси сиёсии худ таъйин накардааст. Ӯ бо ишора ба овозаҳои интиқоли қудрат ба фарзандони худ афзуд, интихоби раисҷумҳур дар Қазоқистон бар асоси Қонуни Асосии ин кишвар аст ва раисҷумҳури феълӣ ҳеҷ нақше дар таъйини он надорад.

Нурсултон Назарбоев соли 2015 панҷумин бор ба унвони раисҷумҳури Қазоқистон бо аксарияти оро (97,7 %) интихоб шуд ва то соли 2020 қудратро дар ихтиёр дорад.