Боздошти 8 шаҳрванди узбакистонии муттаҳам ба ифротгароӣ
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i88850-Боздошти_8_шаҳрванди_узбакистонии_муттаҳам_ба_ифротгароӣ
Неруҳои амниятии Узбакистон дар вилояти Тошканд 8 шаҳрванди мазнун ба узвият дар созмони ифротиро боздошт карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 22, 2022 17:37 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 8 шаҳрванди узбакистонии муттаҳам ба ифротгароӣ

Неруҳои амниятии Узбакистон дар вилояти Тошканд 8 шаҳрванди мазнун ба узвият дар созмони ифротиро боздошт карданд.

Афроди боздоштшуда синни байни 22 ва 25 сол доранд ва дар талош барои сафар ба Сурия ва ҳамкорӣ бо шибҳинизомиёни созмони ифротӣ буданд.

Дар ҳоли ҳозир ин боздоштшудагон таҳти контроли неруҳои амниятии Узбакистон қарор доранд.

Неруҳои амниятии Узбакистон дар моҳи январи соли ҷории мелодӣ низ дар шаҳри Тошканд ҳудуди 30 шаҳрванди мазнун ба узвият дар созмони ифротиро боздошт карда буданд.