Толибон харидори нефт
(last modified Sat, 23 Jul 2022 14:28:12 GMT )
Июл 23, 2022 19:28 Asia/Dushanbe
  • Толибон харидори нефт
    Толибон харидори нефт

Вазири дороӣ давлати мувақати Толибон аз имзои қарордоди хариди 350 ҳазор тонна нефт аз Эрон хабар дод.

Аз замони оғози даргирии Русия ва Украина нархи қарордодҳои нефти ба вижа бензин ва гази моеъ дар Афғонистон афзоиш ёфт ва ин мавзуъ норизоятии шаҳрвандонро ба вуҷуд оварда аст ба ҳамин далел ҳукумакти Толибон аз роҳҳои мухталиф дар талоши хариди нефт ва кам кардани нархи фаровардаҳои нефти аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати дороӣ давлати мувақати Толибон имрӯз шанбе бо тайиди имзои қарордоди хариди нефт аз Эрон эълом кард: Қарордоди хариди 350 ҳазор тонна нефт аз Эрон бо ҳадафи коҳиши нархи маводи сузишвори дар Афғонистон имзо шуда аст.

Вазорати дороӣ Толибон ҳамчунин афзуд, ки пеш аз ин ҳайате аз ширкати давлатии нефту газ, Вазорати хориҷа, бонки марказӣ ва идораи устондор барои хариди нефт ба Эрон сафар карданд.

Бар асоси гузориши маркази фуруши маводи сузишвори дар Кобул дар ҳоли ҳозир ҳар летр солярка дар Кобул ба нархи 118 афғонӣ ва ҳар летр бензин низ ба 98 афғонӣ ба фуруш мерасад.

Афзоиши нархи солярка дар Афғонистон 20 соли гузашта бесобиқа буда аст.

Марказҳои фуруши сузишвори далели аслии афзоиши нархи бензин ва соляркаро қиматии нархи нефт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба далели буҳрони Украина ва таҳримҳои нефти Русия унвон карданд.