Декабр 07, 2016 12:55 Asia/Dushanbe
  • Дархости Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз Туркманистон

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо озодии як рӯзноманигорро аз мақомоти Туркманистон хостор шуд.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, ин хабарнигор, ки бо бахши туркмании радиои озодӣ (Free Europe) ҳамкорӣ мекард, ҳафтаи гузашта боздошт шуд.

Намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури озодии расонаҳо рӯзи сешанбе ҳамчунин аз мақомоти Туркманистон хост, амнияти рӯзноманигоронро тазмин кунанд.

Радиои озодӣ расонаест, ки Конгресси Амрико буҷети онро таъмин мекунад ва ахбору иттилооти кишварҳои Аврупои шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёнаро пушиш медиҳад.

Як созмони федерали фаро ҳизбии нозир бар ҳамаи фаъолиятҳои расонаии Амрико ба номи ҳайъатраисаи ҷарёни озоди иттилоот бар радиои озодӣ назорат мекунад.