Октябр 13, 2022 13:41 Asia/Dushanbe
  • Бо наздик шудан ба фасли сармо мақомоти аврупоӣ пай дар пай дар мавриди паёмадҳои инсонӣ ва мушкилоти мардуми Афғонистон ҳушдор медиҳанд
    Бо наздик шудан ба фасли сармо мақомоти аврупоӣ пай дар пай дар мавриди паёмадҳои инсонӣ ва мушкилоти мардуми Афғонистон ҳушдор медиҳанд

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо изъон кард, масоъили Афғонистон аз чашми ҷаҳон дур уфтода ва дигар дар сархати ахбори расонаҳои ҷаҳон ҷой надорад.

Ҷозеф Боррел дар конфронси солонаи сафирони хориҷаи муқими кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо бо ишора ба ин,ки тобистони соли гузашта мавзӯъи Афғонистон, дар садри  ахбори расонаҳои ҷаҳон қарор дошт, таъкид кард ҳар чанд ҳамакнун низ мисли гузашта мушкилот дар Афғонистон побарҷост, аммо ҳеҷ кас дар мавридаш чизи намегӯяд.  Ба гуфтаи вай бӯҳронҳои ҷадид дар ҷаҳон эҷод шуда ва дар зоҳири амр, ин гуна ба назар мерасад, ки бо зуҳури бӯҳронҳои ҷадид, бӯҳронҳои гузашта ҳал шудаанд, дар ҳоле, ки интавр нест ва бӯҳронҳои гузашта ҳамчун бӯҳрони Афғонистон ҳамчунон идома дорад. Дар иртибот бо суханони  Боррел чанд нукта қобили таваҷҷӯҳ ва таъамул аст.

Аввал он, ки расонаҳои ғарбӣ набзи таҳаввулоти ҷаҳониро дар даст доранд ва мутаносиб бо сиёсатҳои Ғарб онҳоро мунакис мекунанд. Бинобарин баъд аз бӯҳрони Украина ба назар мерасад маслиҳати Ғарб дар фурукаш кардани ахбори марбут ба Афғонистон аст. Ба ҳамин далел расонаҳои асли, ки  мунакис кунандаи сиёсатҳои Ғарб дар мавриди таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмиллалӣ  ҳастанд барномае барои иникоси ахбори Афғонистон надорад.

Дуввум ин, ки  раъд аз хуруҷи хифтбори Амрико аз Афғонистон он чӣ ба ҷой монадааст вайронае беш нест ва расонаҳои байналмиллалӣ бояд мушкилот ва чолишҳои барҷой монда аз ду даҳҳаи ишғоли Афғонистонро мунакис кунанд, ки Ғарб  ба хусус Амрико онро ба маслиҳати худ намедонанд ва иҷозаи пардохтан ба масоъили Афғонистонро ба ҳеҷ расонае намедиҳанд.

Сайид Исои Мусавӣ коршиноси Афғонистон аз сӯйи Амрико ва НАТО ба ҷой монда вайронае беш нест ва акнун мардуми  Афғонистон дар мақоми муттолеагари хоҳони посухгӯйи Амрико  ҳатто дар муҳокимаи байналмиллалӣ ҳастанд, ки қатъан онро барнаметобад ва тарҷеҳ медиҳад таҳаввулоти Афғонистон дар  сукути хабари бигузарад. Бидуни тардид мушкилоти имрӯзии Афғонистон ноши аз мудохилоти низомии Ғарб аз ҷумла Иттиҳоди Аврупост. Мардуми ин кишвар интизор доранд мақомоти аврупоӣ аз ҷумла Ҷозеф Боррел  бо сафар ба Афғонистон натанҳо таҳаввулоти ин кишварро ба садри ахбори  ҷаҳонӣ бикашонанд балки бо дарду ранҷи мардуми Афғонистон ошно шаванд.

Бо наздик шудан ба фасли сармо мақомоти аврупоӣ пай дар пай дар мавриди паёмадҳои инсонии мушкилоти мардуми Афғонистон ҳушдор медиҳанд. Чунон чӣ ин мақомот интизор доранд соири кишварҳо ва ниҳодҳои байналмиллалӣ барои ҳалли мушкилот ва бӯҳронҳои барҷой мондаи ноши аз ду даҳҳаи ишғоли, вориди Афғонистон шаванд интизори дур аз воқеъият талқи мешавад.

Зеро Ғарб бояд масъулияти вайронаҳои барҷой монда аз ишғоли Афғонитонро бипазирад ва бо талош барои ҳалли онҳо ахбори Афғонистонро аз ҷанбаи мусбати он дар сатри хабарҳои ҷаҳонӣ қарор диҳанд. Абулфазли Зуҳраванд коршиноси масоъили Афғонистон дар ин бора мегӯянд: Кишварҳои аврупоӣ интизор доранд бо интишори ахбори бӯҳронии Афғонистон соири кишварҳо ва маҷомеъи ҷаҳониро тарғиб ба кумак ба Афғонистон кунанд ва ҳазинаҳоеро, ки бар мардуми ин кишвар таҳмил кардаандро бар души дигарон биандозанд бо ин ҳол ба назар мерасад оқои Боррел ғайри мустақим ин ҳадафро дунбол мекунад.  Дар ҳар ҳол бо наздик шудан ба фасли сармо мардуми Афғонистон интизор доранд мақомоти Иттиҳодияи Аврупо ба ҷойи итихози жестҳои авомир фиребона  дар ҷиҳати ҷуброни ҷиноёти худ дар Афғонистон иқдом кунанд ва талош кунанд то ба кумак ба ҳалли мушкилоти ин кишвар гире кушоӣ кунанд.

Чаро, ки ахиран мақомоти Иттиҳодияи Аврупо бо такрори номи Афғонистон мекушанд худро мудофеъи ҳалли мушкилоти ин кишвар нишон диҳанд ва дар воқеъ дояи меҳрабонтар аз модар шуданд. Ин дар ҳоле аст, ки мусабаби аслии мушкилоти Афғонистон Ғарб ба хусус Амрико аст, ки бо мусодираи дороиҳои Афғонистон болиғ бар ҳафт миллиард доллар бар мушкилоти мардуми Афғонистон афзӯдааст.

 

 

Барчасп