Кушта шудани садҳо тан аз мардуми Афғонистон бар асари таркиши минаҳо
Минаҳои боқимонда аз ҷанг дар Афғонистон наздик ба 1000 куштаву захмӣ барҷой гузоштааст
Афғонҳо ду даҳаи ишғолгариҳои Амрикову ҷангро пушти сар гузоштаанд . Мардуми Афғонистон илова бар нобудии зерсохтҳову ташдиди вахомати иқтисодӣ дар паи солҳои ишғолгарии Амрико, ҳамчунон бо хатари минаҳову муҳимоти амалнакардаи барҷоймонда аз ҷанг дасту панҷа нарм мекунанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бинобар оморҳои Салиби Сурхи байналмиллалӣ ، фақат дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 392 воқеаи инфиҷори минаҳои боқимонда аз ҷанг дар ин кишвар сабт шуда ва ин инфиҷорҳо 902 куштаву захмӣ бар ҷой гузоштааст .
Салиби Сурх афзуд 85 дарсади қурбониёни инфиҷори минаҳо ғайринизомӣ ва 40 дарсад аз ин теъдод кудак будаанд .
Қорӣ Нуриддин Рустамхейл, раиси Идораи минарӯбии Афғонистон низ эълом кард дар ду моҳи ахир 11 мавриди ҳодисаи инфиҷори мина 9 кушта ва 15 захмӣ барҷой гузоштааст .
Рустамихейл афзуд ин идора то кунун бидуни дарёфти ҳеҷ кумаке аз хориҷа 86 километри мураббаъ аз хоки Афғонистонро аз вуҷуди минаву маводи мунфаҷира поксозӣ кардааст .