Баргузории нишасти Комиссияи муштараки иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон
(last modified Fri, 11 Nov 2022 14:01:21 GMT )
Ноябр 11, 2022 19:01 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Туркманистон
    Густариши ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Туркманистон

Ёздаҳумин нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмиву фаннии Тоҷикистону Туркманистон дар шаҳри Ишқобод баргузор шуд.

Дар ин нишаст раёсати тарафи тоҷикиро Далери Ҷумъа, вазири энергетика ва манобеи обии Тоҷикистон ва раёсати тарафи туркмании комиссияро Муҳаммадгелди Сардоров, вазири дороӣ ва иқтисоди ин кишвар бар ӯҳда доштанд.

Ду тараф мавзӯоти муҳими ҳамкориҳои мутақобил, аз ҷумла вазъият ва чашмандози равобити бозаргониву иқтисодӣ, иртиқои сатҳи мубодилоти тиҷорӣ, тавсеаи таомулот дар бахши ҳамлунақлу иртиботот, энержӣ, манобеи об, саноат, омӯзиш, улум, фарҳанг, беҳдошту дармон ва санъати пизишкиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин бар зарурати густариши бештари чорчӯби ҳуқуқии равобити дуҷониба таъкид шуд.

Эҷоди Шӯрои бозаргонӣ байни ду кишвар, ифтитоҳи марокизи тиҷорӣ ва ҳамчунин тавсеаи сохтории комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмиву фаннӣ аз дигар мавзӯоти мавриди тавваҷуҳи ду тараф буд.

Дар поён раисони ҳайатҳои Тоҷикистону Туркманистон тафоҳумномаи нишасти комиссияи муштаракро имзо карданд.