Тадобири амниятӣ дар Остона ташдид мешавад
Мақомоти Қазоқистон аз ташдиди иқдомоти амниятӣ дар пойтахти ин кишвар дар остонаи Соли Нави милодӣ хабар доданд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, бо наздик шудан ба ҷашни Соли Нави мелодӣ аз имрӯз то 15 январи соли 2017 иқдомоти амниятӣ дар Остона, пойтахти Қазоқистон ташдид мешавад. Тибқи ин тасмим, дар ин рӯзҳо маконҳои серодам таҳти назорати вижа қарор мегирад ва беш аз 2 ҳазор пулис таъмин амнияту оромии шаҳрвандонро дар рӯзҳои ҷашн ба уҳда хоҳанд дошт. Ҳамчунин қарор аст, 16 декабр Қазоқистон 25-умин солгарди истиқлоли худро ҷашн бигирад.
Ташдиди иқдомоти амниятӣ дар Қазоқистон дар остонаи соли ҷадид дар ҳолест, ки бар асоси гузориши мақомоти амниятии Қазоқистон, то кунун беш аз 300 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла ДИИШ пайвастанд ва ин кишвар дар моҳҳои ахир ҳаводиси террористии хунбореро таҷриба кардааст.