Муҳоҷирони афғонистонӣ дар нооромиҳои кишварҳои минтақа ширкат накунанд
(last modified Thu, 24 Nov 2022 05:19:12 GMT )
Ноябр 24, 2022 10:19 Asia/Dushanbe
  • Дархости Толибон барои ҳузур наёфтани муҳоҷирони афғонистонӣ дар тазоҳуроти кишварҳои ҳамсоя
    Дархости Толибон барои ҳузур наёфтани муҳоҷирони афғонистонӣ дар тазоҳуроти кишварҳои ҳамсоя

Муовини Вазорати умури муҳоҷирини ҳукумати Толибон аз муҳоҷирони афғони муқими кишварҳои ҳамсоя хост, дар тазоҳуроту нооромиҳои кишварҳои мизбон ширкат накунанд.

Ба дунболи бархе гузоришҳо дар мавриди ҳузури атбои хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирини афғонистонӣ дар бархе ошӯбҳову иғтишошот дар Ҷумҳурии исломии Эрон, Вазорати умури муҳоҷирини ҳукумати Толибон рӯзи чаҳоршанбе аз муҳоҷирини кишвараш дар кишварҳои ҳамсоя хост, дар эътирозоти кишварҳои ҳамсоя ширкат накунанд.

Бар асоси гузориши ниҳодҳои иттилоотиву амниятии Эрон, дар иғтишошоти ахир даҳҳо табааи хориҷӣ боздошт шудаанд.

Абдурраҳмон Рошид, муовини Вазорати умури муҳоҷирини Толибон рӯзи чаҳоршанбе дар паёми видеоие хитоб ба муҳоҷирони афғон дар кишварҳои минтақа гуфт, аз ҳамватанони худ, ки дар кишварҳои минтақа муҳоҷир ҳастанд, тақозо дорем дар тазоҳуроту иғтишошоти кишварҳои мизбон ширкат накунанд.

Вай гуфт, кард, тазоҳурот дар кишварҳои минтақа масъалаи дохилии онҳо асту муҳоҷирони афғон набояд бо тазоҳуркунандагон ҳамкорӣ кунанд.