Январ 05, 2023 13:35 Asia/Dushanbe
  • Покистон раводиди муҳоҷирони афғонҳоро тамдид намекунад

Муҳоҷирони афғон дар Покистон, аз тамдид нашудани раводидашон дар ин кишвар хабар додаанд.

Муҳоҷирони афғон дар Покистон мегӯянд, эътибори раводиди онон ба поён расидааст ва акнун барои ҳузури қонунӣ дар Покистон бо мушкил рубарӯ ҳастанд ва посухе барои дархости тамдиди раводид худ дарёфт накардаанд.

Дар ҳамин ҳол давлати Покистон ба муҳоҷирони афғон бидуни раводид барои тарки ин кишвар зарбулаҷал содир кард.

Масъулони Толибон дар ҳафтаҳои ахир музокироти фишурдаеро бо масъулони сафорати Покистон дар Кобул, намояндаи вижаи Покистон дар умури Афғонистон ва бархе мақомҳои дигари ин кишвар дар мавриди ҳалли мушкилоти муҳоҷирини афғонстонӣ дар Покистон дошта ва талош доранд то ҳарчӣ зудтар ба ин муъзал расидагӣ шавад.

Теъдоди муҳоҷирони маҳбуси афғон дар зиндонҳои Покистон ҳудуди 1400 тан эълом шуда, ки бештарашон зан ва кудак ҳастанд.

 

Барчасп