Азми Туркманистон барои сохти нерӯгоҳҳои офтобӣ
(last modified Thu, 26 Jan 2023 08:28:29 GMT )
Январ 26, 2023 13:28 Asia/Dushanbe
  • Азми Туркманистон барои сохти нерӯгоҳҳои офтобӣ

Коршиносони туркманистонӣ нармафзореро тарроҳӣ карданд, ки ба сохти нерӯгоҳҳои офтобӣ кумак мекунад.

Мутахассисони маркази илмӣ ва тавлидии манобеи энержии таҷдидпазири Муассисаи давлатии энержии Туркманистон нармафзореро тарроҳӣ карданд, ки ба сохти нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодии коромад ва муфид кумак мекунад.

Какагелди Сариев, мудири Маркази илмӣ ва тавлидии манобеи энержии таҷдидпазири Муассисаи давлатии энержии Туркманистон изҳор дошт, ин нармафзор ба таъйини сареъ ва дақиқи зарфияти нерӯгоҳи фотоэлектрикӣ ва бодӣ ва арзёбии манобеи энержии офтобӣ ва бод дар як минтақаи хос кумак мекунад.

Бад-ин тартиб пойгоҳи иттилоотии диҷиталӣ барои арзёбии манобеи офтобӣ ва бод дар манотиқи кишвар эҷод шудааст, ки имкони таъйини маҳали насби нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодиро фароҳам мекунад.

Муаллимону донишҷӯёни фориғуттаҳсили Муассисаи давлатии энержии Туркманистон ҳам аз соли 2012 дар ҳоли баррасии истифода аз энержии офтоб дар васоили гармоишӣ ҳастанд.

Як истгоҳи офтобӣ - бодии 2 киловаттӣ ва як коллектори офтобӣ бо масоҳати муфиди 1.6 метри мураббаъ дар ҳоли иҷро аст, ки рӯи як манбаи тағзияи мустақили ду табақа насб шудааст.