« Машварат кардан , чашмаи ҳидоят аст » ; 9 сухани омӯзанда аз Имом Алӣ (а)
-
Намое аз ҳарами Имом Алӣ (а) васии Паёмбари ислом дар Наҷаф, Ироқ؛ Солона миллионҳо нафар аз муҳибини Паёмар ва аҳлубайт ба зиёрати оромгоҳи ишон меравад.
Порс тудей - Ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб нахустин мардӣ буд, ки ба Паёмбари ислом имон оварад ва аз сӯйи Паёмбар ба сӯрати ихтисоси лақаби Амиралмуъминин гирифт .
« Машварат кардан , чашмаи ҳидояттаст » ; 9 сухани омӯзанда аз Имом Алӣ (а)
Ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб ( 23 қабл аз ҳиҷрат – 40 ҳиҷрии қамарӣ ) мулаққаб ба Амиралмуъминин , васии Паёмбари ислом , ҳамсари ҳазрати Заҳро ( духтари Паёмбар ) ва падари Имоми Ҳасану Имоми Ҳусайн ва Зайнаби Кубро аст . Ба гувоҳии манобеи торихии аҳли суннат ва шиъа , он ҳазрат нахустин мардӣ аст, ки ба Паёмбари ислом имон оварад ва аз сӯи Паёмбар ба сӯрати ихтисосии лақаби Амиралмуъмининро дарёфт кард ва васии сиёсӣ ва динии Паёмбар шуд .
Албата пас аз риҳлати Паёмбар дар соли 11 ҳиҷрӣ , авомиле сабаб шуд, ки ин ҷонишинӣ таҳаққуқи наёбад ва ишон аз хилофати муслламин пас аз риҳлати Паёмбар то солиёни бисёре дур бимонад .
Паёмбари ислом дарбораи ишон мефармуданд, ки ман шаҳри илмаму Алӣ дарвозаи он аст .
Ҳамчунин ба карот баён мекарданд, ки нисбати ману Алӣ монанди нисбати Мӯсо Паёмбари Худо ва Ҳорӯн аст . Имом Алӣ ҳудӯди 5 сол хилофати мусллимин аз соли 35 то 40 ҳиҷрии қамариро ба ӯҳда дошт ва адолатварзии ӯ дар ин давра шигифти ҳукмронии исломӣ номида шуд . Ду сол пас аз ҷанги сафин миёни ишон ва Муъовия ибни Абусуфиён , Имоми Алӣ дар меҳроби масҷид ва дар ҳайни намоз террор шуд .
Бахши муҳим аз суханону баёнот ва номаҳои ишон дар китобе бо унвони Наҳҷулбалоға ҷамъоварӣ шудааст .
Дар ин матлаб аз Порс тудей, нигоҳӣ андохтаем ба чанд ҳадиси ахлоқӣ аз ҳазрати Алӣ (а) :
Иштиғол ба айби худ
مَن أبصَرَ عَیبَ نَفسِهِ شُغِلَ عن عَیبِ غَیرِهِ. (میزان الحکمه، ج۸، ص: ۳۲۲.)
Ҳарки айби худро бубинад, ба айби дигарон намепардозад.
Андоза нигоҳ доштан дар дӯстӣ ва душманӣ
أحبِب حَبیبَک هَوناً ما عَسى أن یَعصِیَک یَوماً ما و أبغِض بَغیضَک هَوناً ماعَسى أن یَکونَ حَبیبَک یَوماً ما. (نهج البلاغة: الحکمة ۲۶۸)
Дӯстро чунон ба андоза дӯст бидор, ки басо рӯзӣ душман шавад ва душманро чунон ба қоида душмандор, ки басо рӯзӣ дӯст шавад.
Панд гирифтан аз саргузашти дигарон
لسَّعیدُ مَن وُعِظَ بِغَیرِهِ. (میزان الحکمه، ج۵، ص: ۲۹۷.)
Хушбахт касе аст, ки аз саргузашти дигарон панд бигирад.
Дурӣ аз маърази туҳмат
مَن عَرَّضَ نَفسَهُ لِلتُّهَمَةِ فلایَلومَنَّ مَن أساءَ بِهِ الظَّنَّ. (میزان الحکمه، ج۶، ص: ۵۷۲.)
Касе, ки худро дар маърази туҳмат қарор диҳад, набояд худро сарзаниш кунад.
Гузашту адолат
شَیئانِ لا یوزَنُ ثَوابُهُما: العَفوُ وَالعَدلُ. (غرر الحکم: ح ۵۷۶۹)
Ду чиз аст, ки подоши фаровонӣ дорад: Гузашту адолат.
Андеша дар неъматҳои Худо
التَّفَکرُ فی آلاءِ اللّهِ نِعمَ العِبادَةُ. (میزان الحکمه، جلد ۹ صفحه: ۲۳۰.)
Андеша дар бораи неъматҳои Худо, ибодоти некӯ аст.
Худпасандӣ
اَلعُجبُ رَأسُ الحَماقَةِ. (غرر الحکم: ۳۴۸.)
Худпасандӣ, сароғозӣ камхиради аст.
Машварат
اَلاِستِشارَةُ عَینُ الهِدایَةِ.
Машварат кардан, чашмаи ҳидоят аст.
غرر الحکم: ۱۰۲۱، میزان الحکمه، ج۱۲، ص: ۵۹۱.
Посӯхи аҳмақ
اَلسُّکوتُ عَلَى الأحمَقِ أفضَلُ (مِن) جَوابِهِ. (غرر الحکم: ۱۱۶۰، میزان الحکمه، ج۳، ص: ۲۳۸.)
Сукӯт дар баробари аҳмақ, беҳтар аз ҷавоб додан ба ӯст.