Тавба чӣ вижагиҳои бояд дошта бошад?
-
Тавба чӣ вижагиҳои бояд дошта бошад?
Порс тудей- Тавба дар дини ислом, роҳи барои пок шудан аз гӯноҳ, тағири масири зинадгӣ ва тақвияти иртибот бо Худованд аст. Анҷоми саҳеҳ ва ба мавқеи тавба сабаби рушди фардӣ ва наздикӣ ба Худованд ва раҳмати ӯ мешавад.
Тавба дар шариъати ислом ба унвони яке аз усули барҷастаи тарбияти ахлоқӣ ва маънавӣ, василае барои бозгашт ба массири илоҳӣ ва ҷалби ризояти Худованд аст. Вижагиҳои тавба ба таври дақиқ дар ривоёти Паёмбар ва аҳлубайти ишон ва оёти Қуръон зикр шудааст. Дар ин матлаб аз Порс тудей, бархе вижагиҳои асосии тавба бо аснот ва оёт ва аҳодис омадааст.
Нияти холис ва пушаймонии қалбӣ
Тавба бояд аз дил бархезад ва бо ихлоси комил сурат гирад. Пушаймонии қалби аз гуноҳ, нахустин гом дар мапссири тавба аст. Имом Алӣ (а0 васи ва ҷонишинӣ Паёмбари гироми ислом фармӯданд : «التوبة ندم بالقلب و استغفار باللسان و ترک بالجوارح وَ اِضمارٌ أنْ لایَعُودَ.»
Тавба иборат аст аз: Пушаймони дар дил, истиғфор бо забон, тарки гуноҳ дар амал ва тасмим бар адами иртикоби муҷаддади он. [Ғурар Алҳаккм : 2072].
Ин ҳадис баёнгари он аст, ки тавба як фароянди чанд буъдӣ аст, ки шомили эҳсоси пушаймонӣ, баёни талаби мағфират бо забон ва тарки гуноҳ дар амал мешавад.
Тасмим бар бозгаш бар гуноҳ
Пазириш ва ислоҳи гуноҳи гузашта, замоне комил мешавад, ки шахс тасмими қотеъ ба тарки гуноҳ гирфта бошад.
Паёмбари акрам (с) дар ҳадисе фармӯдаанд: «التائب من الذنب کمن لا ذنب له»
Касе аз гуноҳ тавба кунад монанди касе аст, ки гуноҳе накардааст. . : [Канзул уммал10174 ] .
Ин нишондиҳандаи аҳамияти иродаи фард барои дурӣ аз гуноҳи гузашта ва бозгашт ба онҳо аст.
Адои ҳуқуқи мардум
Агар гуноҳе шомили ҳаққу нос бошад, бозгардондани ҳуқуқ аз шароити аслии тавба ба шумор меояд. Имом Содиқ (а) мефармоянд:
«ما عُبِدَ اللهُ بِشیءٍ اَفضلَ مِن اداءِ حَقِّ المُؤمِنِ» هیچ عبادتی بالاتر از ادای حق مؤمن نیست [بحار، ج ٧٤، ص ٢٤٢].
Ҳаққу нос дар ислом ҷойгоҳи волоӣ дорад ва бидуни ислоҳи он, тавба ноқис хоҳад буд.
Талаби бахшиш аз Худованд
Истиғфор ва дархости бахшиш аз Худованд ҳамроҳ бо тавозуъ ва ихлос, бахши дигарӣ аз тавбаро ташкил медиҳад. Худованд дар ояи 8 сураи Таҳрим мефармояд: «یَا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا تُوبُوا إِلَى اللَّهِ تَوْبَةً نَصُوحًا». Эй муъминон! Ба пешгоҳи Худо тавба кунед, тавбаи холис [ ки шуморо аз бозгашт ба гуноҳ боз дорад]. Ин Оя ба вузӯҳ аз муъминон дархост мекунад то бо садоқати комил ба сӯи Худованд бозгарданд.
Амали солеҳ ва ҷуброни гузашта
Анҷоми аъмоли нек ва ҷуброни хатоҳои гузашта яке дигар аз вижагиҳои тавба аст. Қуръони карим дар ояи 70 сураи Фурқон мефармояд: «إِلَّا مَنْ تَابَ وَآمَنَ وَعَمِلَ عَمَلًا صَالِحًا فَأُولَٰئِکَ یُبَدِّلُ اللَّهُ سَیِّئَاتِهِمْ حَسَنَاتٍ وَکَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِیمًا». Магар онон, ки тавба кунанд ва имон оваранд ва кори шоистае анҷом диҳанд, ки Худо бадиҳояшонро ба хубиҳо табдил мекунад؛ Ва Худованд бисёр омӯрзанда ва меҳрабон аст.
Тавбаи фаврӣ ва адми таъхир
Таъхир дар тавба ба танҳои мумкин аст боиси афзоиши гуноҳ шавад балки эҳтимоли пушаймонии воқеиро низ коҳиш медиҳад. Имом Ҷавод (а) мефармояд : « تَأْخِیرُ التَّوْبَهِ اغْتِرَارٌ وَ طُولُ التَّسْوِیفِ حَیْرَه» [تحف العقول، ص 456]. Таъхири тавба навъи ғурӯр ва бехабарӣ ва тулонӣ кардани он навъи ҳайрат ва саргардонӣ аст.
Ин ҳадис бар аҳамияти истифода аз фурсати тавба таъкид дорад.
Осор ва баракоти тавба
Тавба илова бар инки гуноҳони гузаштаро пок мекунад, боиси оромиши қалбӣ ва рушди маънавии фард мешавад. Худованд дар Қуръони Карим ваъда додааст, ки тавба кунандагонро мепазирад ва машмули раҳмати худ қарор медиҳад. Дар ояи 53 сураи Зумар омадааст: «إِنَّ اللَّهَ یَغْفِرُ الذُّنُوبَ جَمِیعًا». Бигӯ: Эй бандагони ман, ки бо [иртикоби гуноҳ] бар худ зиёдаравӣ кардед! Аз раҳмати Худо ноумед нашавед, яқинан Худо ҳамаи гуноҳонро меомӯрзад, зеро ӯ бисёр омӯрзанда ва меҳрабон аст.