-
Ироқчӣ : Таҷовузи ошкор ба ҳокимияту тамомияти сарзаминии Эрон поймолсозии фоҳиши маншури Милали Муттаҳид аст
Июн 14, 2025 12:55Порстудей - Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар тамоси телефонӣ, ки муовини нахуствазир ва вазири умӯри хориҷаи Покистон шомгоҳи ҷумъа бо вай дошт, таъкид кард : Таҷовузи ошкор ба ҳокимияту тамомияти сарзаминии Эрон , поймолсозии фоҳиши маншури Милали Муттаҳид маҳсуб мешавад .
-
Ироқчӣ : Ҳамаи тавони худро дар пуштибонӣ аз Неруҳои мусаллаҳ ҷиҳати дифоъ аз Эрони азиз ба кор мегирем
Июн 13, 2025 14:45Порстудей - Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрони ҷумъа дар паёме ба муносибати шаҳодати ҷамъе аз фармондеҳони низомӣ , риҷоли илмии кишвар ва занону кӯдакони бегуноҳ дар ҷараёни ҳамлаи таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ, гуфт : Бо миллати бузурги Эрон ва шаҳидони олимақом паймон мебандем, ки ҳамаи тавону зарфияти худро ҷиҳати пуштибонӣ аз тадбирҳои олияи низом ва иқдомоти муқтадиронаи Неруҳои мусаллаҳ ҷиҳати дифои муқтадирона аз Меҳани азизи исломӣ ба кор гирем .
-
Вазири хориҷаи Арабистон дар тамос бо ҳамтои эронии худ : Ҳамлаи режими Исроил ба Эрон маҳкум аст
Июн 13, 2025 14:30Порстудей - Вазири умӯри хориҷаи Арабистони саъӯдӣ дар тамоси телефонӣ бо вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон « таҷовузи ошкори режими саҳюнистӣ ба хоки Эрон »-ро маҳкум кард ва бар мухолифат бо ҳар гуна истифода аз зӯр ва лузӯми гуфтугу барои ҳалли ихтилофот таъкид намуд.
-
Таъкиди Сайидаббоси Ироқчӣ бар омодагии Эрон барои тавсеаи равобит бо кишварҳои аврупоӣ, бавижа Италия
Июн 09, 2025 11:21Порстудей - Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар дидори қоиммақоми вазири хориҷаи Италия бар омодагии Ҷумҳурии исломии Эрон барои тавсеаву густариши равобит бо кишварҳои мухталифи аврупоӣ, ба вижа Италия бар асоси эҳтироми мутақобилу манофеи муштарак таъкид кард.
-
Ҳушдори вазири хориҷаи Эрон ба се кишвари аврупоӣ: Бо вокуниши қотеъ мувоҷеҳ хоҳед шуд
Июн 06, 2025 18:06Порс-Тудей. Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа гуфт, ба ҷои таомул бо ҳусни ният, се кишвари аврупоӣ даст ба иқдоме муғризона алайҳи Эрон дар Шӯрои ҳуккоми ожонс задаанд, аммо бо вокуниши қотеъ мувоҷеҳ хоҳанд шуд.
-
Ироқчӣ дар Қоҳира: Эрону Миср масъулияти муштарак барои сулҳи минтақа доранд
Июн 03, 2025 10:30Порс-Тудей. Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, сатҳи таомулу ҳамкории сиёсӣ ва аз он муҳимтар мизони эътимоду итминон дар равобити Эрону Миср бесобиқа аст.
-
Ироқчӣ: Тамоми фаъолиятҳои ҳастаии Эрон таҳти назорати ожонс ва дар чорчуби мувофиқатнома аст
Июн 01, 2025 10:11Порс Тудей - Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон асри рӯзи шанбе дар гуфтугуи телефонӣ бо мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ гуфт: Тамоми фаъолиятҳои ҳастаии Эрон таҳти назорати ожонс ва дар чорчуби мувофиқатномаи подмон(кафолат) аст.
-
Ироқчӣ: Мардуми Эрон зери бори таваққуфи ғанисозӣ намраванд
Май 31, 2025 13:30Порстудей - Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар маросими таҷдиди мисоқ бо ормонҳои бунёнгузори кабири Инқилоби исломӣ зимни таъкид бар ин ки « яке аз усули мо дар баҳси ҳастае, ки мабнои ҳаракати мо дар музокиротро шакл медиҳад , нафй(радди) султа аст » , гуфт : Таваққуфи ғанисозӣ чизе нест, ки мардуми Эрон зери бори он бираванд .
-
Амрико : Музокирот бо Эрон ҳамчунон созандааст
Май 28, 2025 11:21Порстудей - Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Амрико шомогоҳи сешанбе ба вақти маҳаллӣ эълом кард, ки музокироти ғайримустақим миёни Иёлоти муттаҳида ва Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунон созандааст.
-
Вокуниши Ироқчӣ ба мавзегирии Британия дар мавриди « ғанисозии сифр » дар Эрон : дигар чизе барои гуфтугу боқӣ намемонад
Май 28, 2025 10:12Порстудей - Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрони шомгоҳи сешанбе гуфт : Агар мавзеи Британия дар бораи ғанисозии сифр дар Эрон бошад , дар ин сӯрат дигар мавзӯе байни мо барои гуфтугу дар бораи парвандаи ҳастаӣ боқӣ намемонад .