-
Эъломи омодагии Эрон барои кумак ба ҳалли ихтилофоти Тоҷикистон ва Қирғизистон
Апрел 30, 2021 12:30Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон зимни ибрози нигаронӣ аз даргириҳои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, омодагиии кишварашро барои ҳамкорӣ дар пешбурди музокироти ду тараф ва пешниҳоди таҷрибаҳои ҳуқуқӣ ва фаннӣ дар ин замина эълом кард.