Эъломи омодагии Эрон барои кумак ба ҳалли ихтилофоти Тоҷикистон ва Қирғизистон
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон зимни ибрози нигаронӣ аз даргириҳои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, омодагиии кишварашро барои ҳамкорӣ дар пешбурди музокироти ду тараф ва пешниҳоди таҷрибаҳои ҳуқуқӣ ва фаннӣ дар ин замина эълом кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, «Саид Хатибзода » сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба даргириҳои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ахбори даргириҳои ахир дар манотиқи марзии муштараки ду кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон ва Қирғизистонро, ки мунҷар ба кушта ва захмӣ шудани теъдоде аз шаҳрвандони ду тараф шудааст бо нигаронӣ дунбол мекунад.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон афзуд: Эрон зимни қадрдонӣ аз тадобири фаврии сарони Душанбе ва Бишкек, ки мунҷар ба таваққуфи ин даргириҳо шудааст, умедвор аст идомаи музокироти ду кишвар ба ҳаллу фасли мусолиматомези ҳаргуна ихтилофи марзӣ мунҷар шавад.
Хатибзода таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагии худро барои ҳамкорӣ дар пешбурди музокироти тарафайн ва ҳамчунин ироаи таҷрибиёти ҳуқуқӣ ва фаннии худ дар ин замина эълом мекунад.
Дар пайи даргирӣ байни сокинони манотиқи марзӣ ва марзбонони Қирғизистону Тоҷикистон бар асоси эъломи расонаҳои қирғизӣ дастикам 13 тан кушта ва 134 нафар захмӣ шуданд.
Ҳамчунин манобеи тоҷик теъдоди кушташудагонро 10 тан ва захмишудагонро беш аз 90 нафар эълом кардаанд.
Ҳамакнун авзоъ дар манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистони ором гузориш мешавад.
Созмони милал, Иттиҳодияи Аврупо ва Қазоқистону Узбекистон низ зимни ибрози нигаронӣ аз вуқуъи даргирии марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон аз тавофуқи оташбаси байни ду тараф истиқбол карданд.
Мушаххас набудани хутути марзӣ ва тӯлонӣ шудани раванди аломтгузории марзҳо байни Тоҷикистону Қирғизистон токунун борҳо ба муноқишоти марзии байни ду кишвар анҷомидааст.
Бештар бихонед :