Бақоӣ: Дархости Гуруҳи 7 барои ҳамкории Теҳрон бо ожонс мудохилаҷӯёна аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122912-Бақоӣ_Дархости_Гуруҳи_7_барои_ҳамкории_Теҳрон_бо_ожонс_мудохилаҷӯёна_аст
Порс-Тудей. Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон иддаоҳои мундариҷ дар баёнияи поёнии нишасти вазирони хориҷаи Гуруҳи 7 дар Канада, роҷеъ ба Ҷумҳурии исломии Эронро беасос, ғайримасъулона ва мардуд донист.
(last modified 2025-11-14T06:56:25+00:00 )
Ноябр 14, 2025 11:54 Asia/Dushanbe
  • Бақоӣ: Дархости Гуруҳи 7 барои ҳамкории Теҳрон бо ожонс мудохилаҷӯёна аст
    Бақоӣ: Дархости Гуруҳи 7 барои ҳамкории Теҳрон бо ожонс мудохилаҷӯёна аст

Порс-Тудей. Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон иддаоҳои мундариҷ дар баёнияи поёнии нишасти вазирони хориҷаи Гуруҳи 7 дар Канада, роҷеъ ба Ҷумҳурии исломии Эронро беасос, ғайримасъулона ва мардуд донист.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, Исмоили Бақоӣ такрори мавзеи ғайримасъулонаи кишварҳои узви Гуруҳи 7 дар таъйиди иқдоми ғайриқонунӣ ва номуваҷҷаҳи се кишвари аврупоӣ ва Амрико дар сӯиистифода аз созукори ҳалли ихтилофи БарҶом барои бозгардондани қатъномаҳои лағвшудаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал алайҳи Эронро ба манзалаи ҳимояти онҳо аз як иқдоми мутахаллифонаи байналмилалӣ донист ва таъкид кард, ки ин мавзеъгирии Гуруҳи 7 ба ҳеҷ унвон моҳияти ғайриқонунӣ ва номуваҷҷаҳи иқдоми се кишвари аврупоӣ ва Амрикоро татҳир намекунад.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон бо ёдоварии тааррузи ғайриқонунии низомии режими саҳюнистӣ ва Амрико ба Эрон ва ҳамла ба таъсисоти ҳастаии сулҳомези Ҷумҳурии исломӣ, дархости Гуруҳи 7 аз Теҳрон барои ҳамкорӣ бо Ожонси байналмилалии энержии атомиро музаввиронаву мудохилаҷӯёна хонд ва таъкид кард: Асосан Амрико ба далели хуруҷи ғайриқонунӣ ва якҷониба аз БарҶом ва ҳамла ба Эрон, худ сабабгори аслии вазъияти кунунӣ аст ва се кишвари аврупоӣ низ ба далели табаият аз Амрико ва қусур дар ифои нақши худ, на танҳо муртакиби нақзи фоҳиши тааҳҳудоти барҷомӣ шуданд, балки бо сӯинияти ошкор, ҳамаи ибтикорҳову талошҳои Эрон барои пешбурди дипломатияро нодида гирифтанд.

Бақоӣ ҳамчунин мавзеи Гуруҳи 7 дар қиболи масъалаи Фаластинро ғайримасъулонаву хилофи тааҳҳудоти байналмилалии онҳо дар эҳтиром ба ҳаққи таъйини сарнавишти миллатҳо ва ҷилавгирӣ аз наслкушӣ донист.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон дар идома, зимни радди иддаои такрорӣ ва ғайримасъулонаи Гуруҳи Ҳафт алайҳи Эрон дар робита бо мунозиаи Украина, мавзеи усулии Ҷумҳурии исломӣ дар ин хусус, мабнӣ бар мухолифат бо ҷангу зарурати поён додан ба мунозиа аз тариқи гуфтугӯ ва музокираи дипломатӣ байни тарафҳои зирабтро хотирнишон карду гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳеҷ мудохилае дар мунозиаи Украина надорад.