Даъвати Владимир Путин аз Эмомалӣ Раҳмон барои сафар ба Русия
(last modified Sun, 07 May 2023 04:14:26 GMT )
Май 07, 2023 09:14 Asia/Dushanbe
  • Даъвати Владимир Путин аз Эмомалӣ Раҳмон барои сафар ба Русия
    Даъвати Владимир Путин аз Эмомалӣ Раҳмон барои сафар ба Русия

Раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия дар тамоси телефони ба муносибати ҳафтодуҳаштумин солгарди пирузи дар ҷанги ҷаҳонии дувум ба пуёӣ мусбати рушди равобити мушорикати стратежикии байни ду кишвар ишора карданд.

Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Владимир Путин раиси Ҷумҳурии Русия дар тамоси телефони бо якдигар гуфтугу карданд.

Раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия дар ибтидои ин тамоси телефони ба якдигар ба муносибати фарорасидани ҳафтодуҳаштумин солгарди пирузи дар ҷанги ҷаҳонии дувум табрик гуфтанд.

Дар бахши дигари ин гуфтугуи телефони ба пуёӣ мусбати рушди равобити муштараки роҳбурдии Тоҷикистон ва Русия дар заминаи ҳамкориҳо ишора шуд.

Ду тараф ҳамчунин дар хусуси масоили муҳими дастури кори байналмилалӣ ва минтақаӣ аз ҷумла вазъият дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон табодули назар ва барномаи руйдодҳои дуҷониба ва чандҷониба дар соли ҷориро барраси карданд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  поёни ин гуфтугу ҳамтои тоҷики худро барои ширкат дар руйдодҳо ба муносибати ҳафтодуҳаштумин солгарди пирузи дар ҷанги ҷаҳонии дувум ба Маскав даъват кард.