Боздиди ҳайати тоҷикистонӣ аз пули Табиат
(last modified Thu, 18 May 2023 12:20:51 GMT )
Май 18, 2023 17:20 Asia/Dushanbe
  • Боздиди ҳайати тоҷикистонӣ аз пули Табиат

Ҳайати муташаккил аз мақомот ва раисони бахшҳои мухталифи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз минтақаи фарҳангӣ ва гардишгарии Аббособод боздид карданд .

Ба гузориши хабаргузории Ориё, ин ҳайати 30 нафара аз паҳнаи ғарбии минтақаи фарҳангӣ ва гардишгарии Аббособод, ки шомили пули Табиат, гунбади Мино, бустони Обу Оташ ва гузари Гардишгарӣ мешавад, боздид карданд.
Ҳайати тоҷикистонӣ баъд аз боздид аз ҷашнвораи гулу гулоб дар гузари Гардишгарӣ бо наҳваи гулобгирии суннатӣ ошно шуданд ва аз маҳсулоти ин ҷашнвора харид карданд . Пули Табиат ва ҷашнвораи гулобгирӣ барои ин гуруҳи 30 нафара ҷаззобияти бисёре дошт ва аз ин боздид шигифтзада шуданд.