Июн 07, 2023 11:03 Asia/Dushanbe
  • Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси рафъи бешаҳрвандӣ иштирок  намуд

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ҳазфи бетобеиятӣ ширкат кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳамоиши ҳазфи бетобеиятӣ ба ибтикори Идораи минтақаии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ороми Комиссари Олии Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд.

Дар ин чорабини муҳим аз ҷониби Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Шодизода, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода,  сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ Ҳусейн Халилзода ва намояндагони дигар вазорату идораҳо иштирок намуданд.

Намояндагони Тоҷикистон доир ба иҷрои уҳдадориҳо вобаста ба решакан намудани бешаҳрвандӣ, қабули санадҳои вобаста ба ин самт қабулгардида  ибрози андеша намуданд.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои бартараф намудани бешаҳрвандӣ саҳми худро хоҳанд гузошт.

 

Барчасп