Нахуствазири Тоҷикистон бо ҳамтои руси худ дидор кард
Июн 09, 2023 20:15 Asia/Dushanbe
Қоҳир Расулзода, нахуствазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Михаил Мишустин, нахуствазири Федератсияи Русия дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин дидор вазъият ва чашмандози ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар ҳавзаҳои иқтисодиву тиҷорӣ, сармоягузорӣ, саноеъ, кишоварзӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Тарафайн бар аҳамияти ҳамкорӣ байни манотиқи Тоҷикистону Русия таъкид ва омодагии худро барои густариши равобит байни манотиқи ду кишвар эълом карданд.