Июн 10, 2023 11:47 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси вилояти Суғд  бо додситони кулли Ҷумҳурии исломии Эрон

Раиси вилояти Суғд бо додситони кулли Ҷумҳурии исломии Эрон мулоқот кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаъфари Мунтазирӣ, додситони кулли Ҷумҳурии исломии Эрон аз вилояти Суғд боздид ва бо раиси ин вилоят дидору гуфтугӯ кард .
Дар ин гуфтугӯ тарафҳо дар хусӯси тавсеаи равобити дӯстонаи байни манотиқи Тоҷикистону Ҷумҳурии исломии Эрон табодули назар карданд .Таъкид шуд, ки вилояти Суғд, яке аз манотиқи тавсеаёфтаи Тоҷикистон буда ва омодагии густариши ҳамкориҳоро бо тамомии манотиқи Ҷумҳурии исломии Эрон дорад .
Муҳаммадҷаъфари Мунтазирӣ  зимни ташаккур аз истиқболи гарм ба тақвияти равобити дӯстона ишора ва омодагии кишварашро барои тавсеаи ҳамкориҳо эълом кард.

 

Барчасп