Афзоиши саҳмияи пазириши донишҷӯи пизишкӣ дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 29 Jul 2023 04:57:43 GMT )
Июл 29, 2023 09:57 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши саҳмияи пазириши донишҷӯи пизишкӣ дар Тоҷикистон

Донишгоҳи тиббии Тоҷикистони шумори донишҷӯёни худро афзоиш медиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии садои хуросон ба нақл аз Спутник,Маҳмудшоҳ Гулзода, раиси донишгоҳ дар ин бора гуфт : Дар соли таҳсилии ҷорӣ 2000 довталаб дар ин донишгоҳ пазируфта мешаванд. Ӯ гуфт : 500 донишҷу бештар аз соли 2022 аст. Гулзода гуфт ки ин тасмим дар иртибот бо мушкилоти мавҷӯд дар бахши тандурустии Тоҷикистон гирифта шудааст. Вай афзуд : Пазириши довталабон дар донишкадаҳое монанди атфол афзоиш ёфтааст; камбуди пизишки атфол ва ҳамчунин пизишкони пешгирӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад,зеро роҳи ҳали мушкилоте монанди Ковид - 19 нишон медиҳад, ки мутахассисони каме дар ин замина вуҷуд дошт . Гуфта мешавад барои афзоиши тавлиди дору дар Тоҷикистон донишкадаи дорӯсозӣ низ теъдоди донишҷӯёнро афзоиш додааст. Дар ҳоли ҳозир 12.3 ҳазор нафар дар риштаи дорӯсозӣ машғул ба таҳсил ҳастанд. Раиси Донишгоҳи пизишкии Тоҷикистон изҳор кард илова бар ин дар шаш моҳи аввали соли 2023 теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳи пизишкӣ афзоиш ёфтааст : Ҳудуди 2000 нафар аз 23 кишвар барои дарёфти омӯзиш ба Тоҷикистон омадаанд.Ӯ изофа кард теъдоди кулли донишҷӯёни донишгоҳ 13 ҳазору 543 нафар аст ва танҳо дар соли таҳсилии 2022 – 2023, 2075 нафар аз ин донишгоҳ фориғуттаҳсил шуданд, ки аз ин теъдод 1639 нафар бумӣ ва 436 нафар хориҷӣ ҳастанд.