Таъкиди мақомоти Тоҷикистон ва СММ бар тавсеаи ҳамкориҳо
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистону намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, дар нишасте дар бораи роҳкорҳои густариши ҳамкориҳо ройзанӣ карданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, дар дидори Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон ва Гви-Еоп Сон, мудири минтақаии дафтари ҳамоҳангии тавсеаи Созмони Милали Муттаҳид дар умӯри Аврупо ва Осиёи Марказӣ, дар бораи вазъияти кунӯнӣ ва чашмандози густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталиф гуфтугу шуд.
Чанде қабл дар маросиме ба муносибати 30 умин солгарди узвияти Тоҷикистон дар Созмони милал, мақомоти ду тараф тавофуқеро имзо карданд, ки бар асоси он, то соли 2026 беш аз 370 миллион доллар аз сӯи ниҳодҳои зермаҷмуаи ин созмон барои тавсеаи Тоҷикистон ихтисос дода мешавад.