Декабр 29, 2016 11:06 Asia/Dushanbe
  • Поёни нишасти Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Узбакистон

Нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон, ки дирӯз (28 декабр) дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба кори хеш поён дод.

Ба гузориши сойти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ин нишаст, ки ба раёсати Давлаталӣ Сайид-муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон ва Рустам Азимов-муовини нахуствазири Узбакистон дар Душанбе баргузор гардид, бо интишори ёддошти сиёсӣ бар идомаи ҳамкориҳои дуҷониба ба кори худ поён дод.

Дар ин ёддошти сиёсӣ таъкид шудааст, ки нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон дар соли оянда (2017) дар шаҳри Тошканд баргузор хоҳад шуд. Қаблан эълом шуда буд, ки дар нишасти Душанбе дар бораи азсаргирии парвози ҳавопаймоҳои мусофирбари байни ин ду кишвар пас аз 25 сол, осонсозии рафту омади шаҳрвандони ду ҷумҳурӣ, коҳиши таърифаҳои транзитӣ дар роҳи оҳан, барқарории муҷаддад табодули барқ дар фаслҳои тобистон ва замистон ва ҳамкории ниҳодҳои гумрукӣ ва ҳалли ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Узбакистон баҳсу табодули назар хоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки шавоҳид ҳокист ҳеҷ тавофуқи мушаххасе бар сари ин масоил сурат нагирифтааст.

Сафари Рустам Азимов, муовини нахуствазири Узбакистон ба Тоҷикистон нахустин дидори як ҳайати давлатии ин кишвар аз Душанбе, пас аз интихоби Шавкат Мирзиёев дар мақоми раисиҷумҳурии Узбакистон мебошад.