Содирот ба бозорҳои ҷаҳони меҳвари ройзании мақомоти Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ
Мудири ожонси содироти Тоҷикистон ва намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ вазъияти кунуни ва чашмандоз равобити муштарак дар заминаи содироти колоҳои тоҷикӣ ба бозорҳои ҷаҳониро баррасӣ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Баҳриддин Сироҷидинзода мудири ожонси содироти Тоҷикистон бо Уберт Пимидзи ва Чию Нию, намояндагони банки ҷаҳонӣ дар умӯри тиҷорати электроники дидору гуфту кард.
Ду тараф тайи ин дидори вазъияти кунунӣ ва чашмандоз равобити муштарак барои тавсеаи содироти коло ва маҳсулоти Тоҷикистон ва вуруд ба бозори ҷаҳонӣ аз тариқи тиҷорати электроники тақвият ва густариши бештари ҳамкориҳо дар заминаи бозорёби ва лоҷестики мавриди баҳсу барраси қарор доданд.
Дар бахши дигари ин дидор ҳамчунин масаълаи эҷоди марокизи лаҷестики дар заминаҳои бастабандӣ, фароварӣ, резевосюн, нигаҳдорӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷ аз кишвар мавриди баҳсу баҳсу баррасӣ қарор гирифт .
Мудири ожонси содироти Тоҷикистон хотирнишон кард: Тамоми иқдомоти лозим барои ҳали масоили лоҷестики анҷом ва барои эҷоди марокизи лаҷестики ба сармоягузории хориҷӣ ниёзаст.