Декабр 29, 2016 13:25 Asia/Dushanbe
  • Истиқрори ҷангафзорҳои пешрафтаи русӣ дар Тоҷикистон (тафсир)

Русия дар чорчӯби қарордоди ҳамкории низомӣ бо Тоҷикистон маҷмӯае аз ҷангафзорҳои пешрафтаро дар пойгоҳи низомии худ дар ин кишвар мустақар кард ва қарор аст таслиҳоти ҷадидеро ба воҳидҳои русии мустақар дар ин пойгоҳ таҳвил диҳад.

Интишори ин хабар пас аз иҷлоси ахири кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Санкт-Петербург таваҷҷуҳи маҳофили сиёсиро ҷалб кардааст. Ҳадаф аз истиқрори таҷҳизоти низомии ҷадид дар пойгоҳи Русия дар минтақаи Қурғонтеппа, дар 200 километрии марзи Афғонистон, таъмини амнияти бештари марзҳои ҷанубии ҷуғрофиёи СПАД эълом шудааст.

Тоҷикистон яке аз осебпазиртарин ҳалқаҳои занҷири амнияти ҷомеаи кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил аст ва мақомоти тоҷик барои пур кардани ин хало ва тақвияти тавони низомӣ ва дифоии худ сиёсатҳои мутафовитеро ба кор гирифтаанд. Тамдиди истиқрори нерӯҳои низомии пойгоҳи 201 -артиши Русия дар Тоҷикистон то соли 2042, ҳузур дар фаъолиятҳои низомӣ ва амниятии минтақаӣ ва ҳамкории низомӣ бо Чин бахше аз ин роҳкорҳо аст. Илова бар ин, тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ бо Афғонистон барои пешгирӣ аз густариши ноамнии ин кишвар ба Тоҷикистон, ҳамкории низомӣ бо Ҳинд ва нигоҳи Тоҷикистон ба имзои тафоҳумномаҳои ҳамкории амниятӣ ва низомӣ бо давлатҳои ғарбӣ аз дигар роҳкорҳои давлати Душанбе барои тақвияти тавони амалии артиш ва нерӯҳои миллии ин кишвар аст. 

Дар муқобил ҳамаи ин кишварҳо бо таърифи вижае аз амният,  таъмини манофеи миллӣ ва роҳбурдҳои стратегии худ ба ҳамкориҳои низомӣ бо Тоҷикистон рӯй овардаанд. Ба иборати дигар, нигоҳи абзории онон ба ҳамкории низомӣ бо Тоҷикистон ҳеч гоҳ посухгӯи ниёзҳои амниятии ин ҷумҳурии Осиёи марказӣ набуда, давлати Душанберо дар барзахи нотавонӣ ва зарурати таъмини суботи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва амниятӣ қарор додааст. Ҳатто дар фардои тамдиди тавофуқномаи идомаи ҳузури пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон, мақомоти тоҷик натавонистаанд бипазиранд, ки дар партави ин тавофуқнома ба амнияти пойдор ва тавони боздорандагӣ барои муқобила бо зоҳири ноамнӣ ба мафҳуми оми калима расидааст.

Ин вазъият фурсатро ба кишварҳои ғарбӣ ва амрико фароҳам карда то дар ҷустуҷӯи роҳе барои нуфузи низомӣ ва амниятӣ дар Осиёи марказӣ бошанд ва аз ин раҳгузар ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи кишварҳои ҳадафи давлатҳои ғарбӣ аст. Чин низ аз ин қоида мустасно набуд ва ҳамкориҳои низомии Пекин ва Душанбе агарчӣ бо ҳассосияти камтаре аз сӯйи Русия ҳамроҳ буд, аммо ҳеч гоҳ сабаби чашмпӯшии комили Маскав ба ин навъ аз ҳамкорӣ нашуд. Иқдоми Чин дар эҷоди воҳидҳои низомӣ дар марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон ва изҳороти барзе мақомоти аршади низомии рус мабнӣ бар ин ки дар ин ҳамкорӣ заминае барои нигаронии Маскав вуҷуд надорад, нозир бар талоши Маскав барои пинҳон нигаҳ доштан нигаронии худ аз нуфузи низомии дигар кишварҳо дар ҷуғрофиёи сиёсии ИДМ аст.

Ба гунае ки акнун бо гузашти камтар аз се моҳ аз иқдоми Чин дар эҷоди воҳидҳои низомӣ дар марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, Русия мавзӯи истиқрори таҷҳизоти модерни низомӣ дар Тоҷикистонро дар 200 километрии марзи Афғонистон дар дастури кори худ қарор додааст. Нозирон муътақиданд. ин иқдоми Маскав метавонад гоме дар ҷиҳати амал ба тааҳҳуди Русия барои таъмини амнияти Тоҷикистон ва низ ба ҳадди ақал расонидани фурсати ҳузури низомии дигар кишварҳои ғарбӣ ва минтақаӣ дар муодилоти амниятӣ ва низомии минтақаи Осиёи марказӣ бошад. Зимни ин ки бистарсозӣ барои пуштибонӣ аз ҳузур ва тақвияти ҳамкориҳои низомии Русия бо кишварҳои ҷануби Осиё бахши дигари аҳдофи Маскав аз истиқрори таҷҳизоти ҷадиди низомӣ дар Тоҷикистон ба назар мерасад.