Кашфи 90 килограм маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистону Узбекистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i108570
90 килограми моводи мухаддир дар марзи Тоҷикистону Узбекистон кашф шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 29, 2023 18:36 Asia/Dushanbe
  • Кашфи 90 килограм маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистону Узбекистон

90 килограми моводи мухаддир дар марзи Тоҷикистону Узбекистон кашф шуд.

Тақрибан 40 килограми маводи мухаддири кашф шудаи ҳероин буд.

Қочоқчиён саъй карданд ҳудӯди 90 килограми ҳероин, тарёк ва ҳашишро аз Тоҷикистон ба хоки Узбекистон мунтақил кунанд.

Дар натиҷаи ҷустуҷӯи амалиётӣ, ки тавассути коркунони амниятӣ ва интизомӣ дар минтақаи Сурхондарё ба ҳамроҳи кормандони низомии неруҳои марзӣ анҷом шуд, маҳмӯлаи маводи мухаддир кашфу забт шуд.

Ин маҳмӯлаи кашф шуда шомли 39 кг 409 гарм ҳероин, 35 кг ва 745 гарм тарёк ва 14 кг ва 545 гарм ҳашиш буд.

Дар ин хусӯс ба истиноди банди 2 модаи 246 (қочоқ) қонӯн барои муттаҳамони парвандаи қазоӣ ташкил шуд.