Таълиқи пазириши дархости дарёфти шаҳрвандӣ тавассути бахши консулии сафорати Русия дар Тоҷикистон
Бахши консулии сафорати Русия дар Тоҷикистон ба далели иҷрои қонӯни ҷадиди федерол барои муддати пазириши дархост барои дарёфти шаҳвандии ин кишварро ба ҳолати таълиқ даровард.
Сафорати Русия дар Тоҷикистон аз 26 октябр ба далели иҷрои қонӯни ҷадиди федерол барои муддате, пазириши дархосткунандагон барои дарёфти шаҳрвандии ин кишварро ба ҳолати таълиқ даровард.
Бар асоси изҳороти дафтари матбуотии сафорати Русия замони аз саргирии пазириши дархосткунандагон мутаоқибан эълом хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир кормандони бахши консулӣ дар муқаррароти корӣ тағийрот ворид мекунанд.
Қонӯни ҷадиди шаҳрвандии Русия шомили теъдоде тағийрот аст, аз ҷумла бар асоси он бозаи замонии расидагӣ ба дархост аз як сол ба 3 моҳ коҳиш ёфтааст.
Шароиту шохисҳои эътои шаҳрвандии Русия низ барои беш аз 20 даста аз мутақозиён коҳиш ёфтааст.
Бар асоси ин қонӯн, ширкаткунандагон дар барномаи давлатии «кучондани муҷаддади ҳамватанон» бояд забони русӣ, таърихи Русия ва қавонини ин кишварро имтиҳон диҳанд.
Бар асос додаҳои моҳи май, дар 3 моҳи аввали соли ҷории милодӣ беш аз 106 ҳазор хориҷӣ тобеъияти Русияро дарёфт карданд, ки бештари онҳо ба иборате 44 ҳазору 900 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.