Дидори мақомоти баландпояи амниятии Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе
Дар дидори дабирони Шӯрои амнияти Русия ва Тоҷикистон масоили марбут ба амнияти марзҳои ин кишвар бо Афғонистон баҳсу табодули назар шуд.
Ба гузориши хабарнигори хабаргузории Форс дар Душанбе, дабирони Шӯроҳои амнияти Тоҷикистон ва Русия дар чорчуби як нишасти корӣ дар мавриди масоили ҷорӣ дар амният дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон баҳсу табодули назар карданд.
Дар ин мулоқот ду тараф чашмандози ҳамкорӣ дар заминаи амниятиро баррасӣ ва ба иқдомот дар заминаи муқобила бо терроризм ва таҳдидоти биологӣ таваҷҷуҳи вежа карданд.
Дар ҷараёни ин дидор барномаи ҳамкории Шӯроҳои амнияти Русия ва Тоҷикистон то соли 2025 ба имзо расид.
Дар ҳамин ҳол Имонгалӣ Тосмагомбитов- дабири кулли Созмони паймони амнияти ҷамъӣ зимни суханронӣ дар ёздаҳумин нишасти дабирони Шӯроҳои амнияти кишварҳои узви ИДМ низ нисбат ба таҳдидоти мавҷуд дар марзҳои ҷанубии Паймони амнияти ҷамъӣ ибрози нигаронӣ кард.
Бинобар суханони вай нуфузи унсурҳои террористӣ ва ифротӣ натанҳо бо вазъияти бисёр душвори Афғонистон, балки бо бесуботӣ дар манотиқи ҳаммарз бо ин кишвар муртабит аст.
Ба гуфтаи дабири кулли Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, ин масъала такмили фаврии проекти ҳадафманди барномаи байнидавлатии ин созмон дар ҷиҳати тақвияти марзҳои муштараки Тоҷикистон ва Афғонистонро таъйид мекунад.
Симён Гиригорев-сафири Русия дар Тоҷикистон дар мусоҳиба бо яке аз рӯзномаҳои ин кишвар низ изҳор дошт, ки Москва ба афзоиши тавоноии размии неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва фуруши силоҳҳо ба ин кишвар идома хоҳад дод, зеро ин амр суботро дар минтақаи Осиёи марказӣ ҳифз мекунад.
Вай хотирнишон кард, ки Русия қасд дорад ба ироаи кумакҳои низомӣ ва фаннӣ аз ҷумла таъмини таслиҳот, омӯзиши нируҳо ва омӯзиши низомиёни Тоҷикистон идома диҳад.
Гиригорев гуфт: Ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон дар заминаи амният ба унвони омили муҳимме барои тазмини субот ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар кулли Осиёи марказӣ арзёбӣ мешавад.
Вай унвон кард: Пойгоҳи низомии 201 Русия, ки дар Тоҷикистон қарор дорад ба таври мудовим ба Вазорати дифоъи ин кишвар кумак мекунад, аммо ҳамкории Москва ва Душанбе дар заминаи масоили амниятӣ танҳо ба фаъолитҳои ин пойгоҳи низомӣ маҳдуд намешавад.
Сафири Русия дар Душанбе идома дод: Дар чорчуби ин ҳамкориҳо низ низомиёни Тоҷикистон дар донишгоҳҳои тахассусии Русия омӯзиш мебинанд.