Ноябр 11, 2023 13:01 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи намояндагони маҷлисҳои Тоҷикистону Русия

Намояндагони маҷлисҳои Русияву Тоҷикистон дар мавриди муҳоҷирату гардишгарӣ гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, яке аз мавзӯъоти аслии дидори ҳайати Думаи давлатии Русия ва намояндагони порлумони Тоҷикистон ҷазби муҳоҷирон барои кор дар Русия буд.
Дар ин дидор мавзӯъоти муҳоҷират, гардишгарӣ, тавсеаи забони русӣ ва ҳамчунин тарбияти муаллим дар Русия мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт .
Леонид Клашников, раиси ҳайати Думаи давлатии Русия гуфт: Мавзӯи истихдоми муҳоҷирон барои кор дар Русия ҳам дар ин дидор мавриди тавваҷуҳ қарор гирифт.
Ӯ гуфт : Мавзӯи эҷоди фароянде барои бозгашти фориғуттаҳсилон ба кишварашон аз донишгоҳҳои Русия бо кумаки саҳмиябандӣ дар заминаи омӯзишӣ мавриди баҳс қарор гирифт.
Ин ҳайат дар мавриди мушкилоти муҳоҷирони коргарӣ дар Душанбе ҳам гуфтугӯ кард.

 

Барчасп