Декабр 08, 2023 21:06 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар бахши кишоварзӣ
    Ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар бахши кишоварзӣ

Дар дидори сафири Эрон бо вазири кишоварзии Тоҷикистон, ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои кишоварзӣ ва чорвопарварӣ баррасӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе бо Ҳаким Қурбонзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон мулоқот кард.

Дар ин дидор ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталифи кишоварзӣ ва чорводорӣ ва ҳамчунин омӯзишу таҳқиқот маврид гуфтугӯ ва табодули назар қарор гирифт.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон зимни ибрози ризоият аз тавсеаи ҳамкориҳо, хостори сармоягузории ширкатҳои эрониву тоҷик дар бунёди корхонаҳои муштараки саноеи ғизоӣ ва фароварии маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон шуд.

Ҳақиқиён низ бо ишора ба раванди тавсеаи ҳамкориҳо байни ду кишвар, иштирокоти таърихӣ, забонӣ ва фарҳангиро омили муҳиме дар густаришу таҳкими равобити байни ду кишвар донист ва омодагии Эрон ҷиҳати таъмини мошинолоти кишоварзӣ, нуриҳои дафъи офот, ваксина ва доруҳои чорво ва ҳамчунин ҳамкорӣ дар ҳавзаи омӯзишӣ ва таҳқиқотӣ бо Тоҷикистонро эълом кард.

 

Барчасп