Январ 27, 2024 14:31 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии ҷойгоҳи тими миллии футболи Тоҷикистон дар радабандии ФИФА

Тими миллии Тоҷикистон дар радабандии ФИФА ҳафт зина боло рафта, дар ҷойгоҳи 99 қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин феҳрист тими миллии Аргентина дар радаи аввал байни 210 тим қарор дорад.

 Тими миллии Франса дар ҷойгоҳи дувум ва тими миллии Англия дар ҷойгоҳи севум қарор гирифтанд.Тими миллии Тоҷикистон аз Қирғизистон, Озарбойҷон, Эстония, Латвия, Литва, Туркманистон ва Молдова пештар аст ва дар миён икишварҳои Осиёи марказӣ пас аз Узбакистон ва Қазоқистон қарор дорад.

 

Барчасп