Кӯмаки 2 миллиондолларии Чин ба Тоҷикистон
(last modified Thu, 01 Feb 2024 14:50:12 GMT )
Феврал 01, 2024 19:50 Asia/Dushanbe
  • Кӯмаки 2 миллиондолларии Чин ба Тоҷикистон

Чин барои сохти толорои конфронс дар бинои ҷадиди давлати Тоҷикистон ба ин кишвар 2 миллиондоллар кӯмаки билоиваз дар назар гирифтааст.

Ба гузориши Форс, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Тзи Шумин, сафири Чин дар Душанбе санади таҳвил ва дарёфти кӯмакҳазинаи билоиваз ба маблағи 2 миллиондоллар барои сохти толори конфронс дар бинои ҷадиди давлати Тоҷикистонро имзо карданд.

Ин кӯмаки билоиваз ҳосили тавофуқномаҳое аст, ки дар сафари  Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ, шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон ба Чин дар августи соли гузашта имзо шуда буд.

Завқизода дар ин дидор хотирнишон кард, ки ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар ба сатҳи ҷадиде расида ва ҳаҷми тиҷорати хориҷии мутақобил ҳарсол дар ҳоли афзоиш аст.

Дар ин дидор, ду тараф дар мавриди заминаҳои авлавиятдори ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии дуҷониба, аз ҷумлаи эҷоди ширкатҳои саноатии муштарак дар Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар ҳавзаи иқтисоди диҷиталу сабз ва ҳамчунин пешрафти сохти бинои ҷадиди давлати Тоҷикистон табодули назар карданд.