Баррасии содироти мева аз Тоҷикистон ба Фаронса
Феврал 06, 2024 19:13 Asia/Dushanbe
Мавзуи содироти меваҳои пок ба Фаронса дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон барраси шуд.
Қурбон Ҳакимзода вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Элза Пинол, сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугу ва мавзуи содироти меваҳои поки Тоҷикистон ба Фаронсаи мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.
Дар ин нишасти вазири кишоварзии Тоҷикистон ба сафири Фаронса иттилооти мушаххаси дар мавриди бахши кишоварзӣ, рушд ва имконоти он ироа кард.
Дар ин дидори тарафайн нисбат ба воридоти тухми, табодули таҷриба ва соири мавзуъоти муртабит ба он ва иҷрои ҳамкориҳои муфид иброз алоқа карданд.