Баррасии содироти мева аз Тоҷикистон ба Фаронса
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i111630-Баррасии_содироти_мева_аз_Тоҷикистон_ба_Фаронса
Мавзуи содироти меваҳои пок ба Фаронса дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон барраси шуд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Феврал 06, 2024 19:13 Asia/Dushanbe
  • Баррасии содироти мева аз Тоҷикистон ба Фаронса
    Баррасии содироти мева аз Тоҷикистон ба Фаронса

Мавзуи содироти меваҳои пок ба Фаронса дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон барраси шуд.

Қурбон Ҳакимзода вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Элза Пинол, сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугу ва мавзуи содироти меваҳои поки Тоҷикистон ба Фаронсаи мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.

Дар ин нишасти вазири кишоварзии Тоҷикистон ба сафири Фаронса иттилооти мушаххаси дар мавриди бахши кишоварзӣ, рушд ва имконоти он ироа кард.

Дар ин дидори тарафайн нисбат ба воридоти тухми, табодули таҷриба ва соири мавзуъоти муртабит ба он ва иҷрои ҳамкориҳои муфид иброз алоқа карданд.