Феврал 09, 2024 19:27 Asia/Dushanbe
  • Сергей Лавров бо руасои кумитаҳои порлумонии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дидор кард
    Сергей Лавров бо руасои кумитаҳои порлумонии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дидор кард

Руасои кумитаҳои Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо вазири умури хориҷаи Русия ширкат карданд.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия бо руасои кумитаҳои порлумонии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Маскав дидору гуфтугӯ кард.

Фарҳод Раҳимӣ, раиси Комиссияи ҳамоҳангии фаъолиятҳои Маҷлиси Миллӣ бо Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рустами Шоҳмурод, раиси Кумитаи назм, дифоъ ва амнияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа ширкат карданд.

Ширкаткунандагони ин нишаст натоиҷи аслии ҳамкориҳои чандҷониба дар чорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва вазоифи аслии тақвияти бештари ҳамкориҳои байнипорлумонӣ ва ҳамоҳангии сиёсати хориҷӣ дар чорчӯби ин созмонро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

 

Барчасп