Феврал 21, 2024 10:18 Asia/Dushanbe
  • Намоиш ва фурӯши меваҳои хушки Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Gulfood»-и Дубай

Меваҳои хушки Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Gulfood»-и Дубай ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, мушорикати ширкатҳои Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи муътабар дар чорчӯби пружаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ – «Пешбурди тиҷорат дар Шарқ: давлатҳои Балкан ва Осиёи Марказӣ» (TPE) анҷом шуд.

Шаш ширкати фароварии меваи хушк аз Тоҷикистон - «Баракат Исфара», «Оро Исфара», «Исфара Фуд», «Субҳи ватан», «Висол» /шаҳри Исфара/, «Насим» /Хоруғ/, инчунин Анҷумани байналмилалии истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон меваҳои хушки Тоҷикистонро дар намоишгоҳи муътабари «Gulfood»-и Дубай, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.

Ин намоишгоҳ фурсати хуберо барои ширкатҳои фароварии меваи хушки Тоҷикистон фароҳам мекунад то маҳсӯлоту фурсатҳои худро ироа ва таблиғ кунанд ва дар мавриди ҳамкориҳои тиҷории эҳтимолӣ, баҳс ва бо равандҳо ва фарояндҳои ҷадиди бозор дар минтақа ошно шаванд.

 

Барчасп