Радди иддаои Аморот дар иттиҳомзанӣ ба Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125436-Радди_иддаои_Аморот_дар_иттиҳомзанӣ_ба_Эрон
Порс тудей - Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон иддаои Аморот дар бораи партоби мӯшак аз сӯи Эрон ба он кишварро комилан нораво донист .
(last modified 2026-08-19T05:15:54+00:00 )
Август 19, 2026 10:05 Asia/Dushanbe
  •   Исмоили Бақоӣ-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон
    Исмоили Бақоӣ-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон

Порс тудей - Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон иддаои Аморот дар бораи партоби мӯшак аз сӯи Эрон ба он кишварро комилан нораво донист .

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , Исмоили Бақоӣ-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон бо радди иддаои Аморот дар бораи партоби мӯшак аз сӯи Эрон ба сӯи он кишвар ва бо ибрози таассуф аз иттиҳомзанӣ ба Ҷумҳурии исломии Эрон , ин рафторро хилофи асли ҳусни ҳамҷаворӣ ва халалдоркунии  талошҳои ҷорӣ барои тақвияти эътимоди байни кишварҳои минтақа ва ҷилавгирӣ аз ташдиди ноамнӣ дар минтақа донист.
Вай аз ҳамаи тарафҳои минтақаӣ дархост кард бо дар назар гирифтани печидагиҳои мавҷуд ба далели шароратҳои идомадори Амрико ва режими саҳюнистӣ алайҳи сулҳу амнияти минтақа ба вижа собиқаи амалиётҳои гуногуни, парчами дуруғин* , аз иттиҳомзанӣ беасос алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон худдорӣ кунанд.

*Амалиёти парчами дуруғин-киштиронӣ бо истифода аз парчами дуруғин ё парчамикишварҳои дигар