Ҳамкории Тоҷикистон ва Ширкати молии байналмилалӣ
Март 02, 2024 17:50 Asia/Dushanbe
Чашмандозҳои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ширкати молии байналмилалӣ мавриди баҳс қарор гирифт.
Ба гузориши сомонаи Ховар, вазъи мавҷӯд ва чашмандози густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати молии байналмилалӣ (IFC) дар ростои беҳбуди фазои сармоягузорӣ, аз ҷумлаи мавзуоте буд, ки дар дидори Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фаррух Султонов, раиси Ширкати молии байналмилалӣ дар Тоҷикистон мавриди баҳс қарор гирифт.
Тарафайн дар мавриди масоили марбут ба иҷрои ислоҳот барои таъмини тавсеаи бештари иқтисоди миллӣ баҳсу омодагии худро барои тақвияти бештари ҳамкориҳо эълом карданд.
Барчасп