Тоҷикистон ва иқдоме ҷавобӣ аз 20 апрел барои шаҳрвандони Туркия
(last modified Wed, 17 Apr 2024 09:59:47 GMT )
Апрел 17, 2024 14:59 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ба Туркия ҷавоб медиҳад
    Тоҷикистон ба Туркия ҷавоб медиҳад

Тоҷикистон дар иқдоме ҷавобӣ аз 20 апрел барои атбои Туркия низоми раводидро ҷорӣ хоҳад кард.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, бо истинод ба фармони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар таърихи 28 марти 2024, ба манзури иҷрои асли амали мутақобил, аз 20 апрели соли 2024 низоми раводид барои дорандагони гузарномаҳои умумии Туркия ҷорӣ хоҳад шуд.

Ин вазоратхона хотирнишон кард, шаҳрвандони Туркия метавонанд визаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сафоратхонаҳову консулгариҳои хориҷ аз кишвар дарёфт кунанд.

Фармони низоми раводид тавассути Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия имзо шуд. Ин санад дар рӯзномаи расмии давлати Туркия мунташир ва аз лаҳзаи интишор лозимулиҷро шуд.

Акнун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд қабл аз сафар аз намояндагии дипломатии Туркия виза дарёфт кунанд.