Кумакҳои башардустонаи Тоҷикистон ба Қазоқистон
Кумакҳои башардустонаи Тоҷикистон ба сокинони қазоқистони осебдида аз балои таби таҳвил дода шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, кумакҳои башардустонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷамъият сайлзада Қазоқистон дар шаҳри Соригши Ҷумҳурии Қазоқистон таҳвил дода шуд .
Рустами Назрзода раиси кумитаи вазъи ҳолатҳои фавқулода ва дифоъи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфт ки ин кумакҳо бо дастури бунёнгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми бародари қаззоқ таҳвил дода шуд .
Муовини аввали вазири вазъи изтирории Ҷумҳурии Қазоқистон аз давлати Тоҷикистон барои кумакҳои ироашуда ба минтақаи осебдида дар чунин давраи сахти ташаккур кард .
Ин кумакҳои башардустона аз Душанбе бо қатор бо 50 вагони борӣ ва аз шаҳри Хуҷанд бо 11 худрав ва13 камиюн ба самти Ҷумҳурии Қазоқистон ҳаракат карданд.