Январ 07, 2017 19:09 Asia/Dushanbe
  • Даргирӣ байни марзбонон ва қочоқчиён дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон

Сухангӯи неруҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт,16 қочоқчии маводи мухаддир дар 26 даргирии мусаллаҳона бо марзбонони ин кишвар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, дар соли гузашта (2016) кушта шуданд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонӣ гуфт,  дар ин даргириҳо шаш қочоқчӣ захмӣ ва 18 нафар ҳам дастгир шуданд.

Ба гуфтаи Улуғхоҷаев, марзбонони тоҷик соли гузашта дар марзи ин кишвар бо Афғонистон ҳудуди як тон маводи мухаддир ва даҳҳо қабза силоҳи гарм аз қочоқчиён кашф ва мусодира карданд.

Бар асоси тозатарин гузориши Созмони Милали Муттаҳид, тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон 43 дарсад афзоиш ёфтааст.

Вилояти ​ Ҳилманд бо 40 дарсад,бештарин кишти хашхошро дар байни устонҳои Афғонистон дорад ва баъд аз он Қандаҳор, Урузгон, Нангарҳор, Фароҳ, Бадахшон ва Нимрӯз дар радаҳои баъдӣ қарор доранд.

 

 

Барчасп