Ҳамкории қазоии Тоҷикистон ва Туркия
Юсуфи Раҳмон Додситонҳои кулли Тоҷикистон ва Бекир Шоҳин аз Додгоҳи олии Истинофи Туркия дар мавриди боздошт ва истирдоди шаҳрвандони тоҷике, ки таҳт таъқиб ҳастанд гуфтугӯ карданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс ; « Дар ин нишаст мавзӯъоти пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноёти байналмилалӣ аз ҷумла тероризм ва ифротгароӣ , қочоқи инсон , қочоқи маводи мухаддир ва дигар мазоҳири ҷиноёти фаромилие, ки хатарӣ ҷиддӣ барои тамоми башарият ба ҳамроҳ дорад , мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт .
Додситонҳо ҳамчунин дар мавриди масоили марбӯт ба интиқол ва истирдоди зиндониён ва боздошти шаҳрвандони тоҷик ки таҳти таъқиб ҳастанд гуфтугӯ карданд .
Ба манзури афзоиши корои фаъолиятҳо дар заминаи расидагӣ ба парвандаҳои ҷиноӣ ва пешгирӣ аз анвоъи ҷароим , тафоҳумномаи ҳамкории байни Додситони кулли Тоҷикистон ва Туркия ба имзо расид .